Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шикояти набераи Сталинро беасос хонданд


Додгоҳи Маскав шикояти расмии набераи Сталин ба зидди рӯзномаи “Новая Газета”- ро беасос хондааст, ки мегӯяд, ин рӯзнома шаъну эътибори Сталинро паст задааст. Евгений Ҷугашвилӣ - аз он мақолаи “Новая Газета” норозӣ будааст, ки дар он гуфта мешуд, Иосиф Сталин - диктатори собиқи Иттиҳоди Шӯравӣ, амри қатли ҳазорон нафар аз шаҳрвандони шӯравии собиқ ва хориҷиро шахсан содир кардааст. Ин мақоларо бар асоси санадҳои махфие навиштаанд, ки чанде пеш дастраси ҷомеа шуд. Евгений Ҷугашвилӣ аз рӯзнома ва муаллифи мақола ҷуброни пулӣ талаб дошт. Вай ҳақ дорад, то панҷ рӯзи дигар ба додгоҳи таҷдиди назар шикоят барад.
XS
SM
MD
LG