Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нахустин Маркази исмоилиҳоро боз мекунанд


Интизор меравад, имрӯз дар шаҳри Душанбе пойтахти Тоҷикистон нахустин маркази исмоилиён дар Осиёи Марказӣ расман ифтитоҳ шавад. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон мегӯяд, ки дар расми ифтитоҳи марказ Шоҳзода Оғохони Чаҳор - пешвои исмоилиёни ҷаҳон ҳузур хоҳад дошт, ки ду рӯз пеш вориди Тоҷикистон шуд. Шоҳзода Оғохони Чаҳор ҳамчунин дар ҷараёни ин боздидаш бо мақомоти олирутбаи Тоҷикистон барномаҳои иқтисодӣ ва рушди Бунёди Оғохонро баррасӣ кардааст.
XS
SM
MD
LG