Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҷоизаи иқтисодии Нобел мунтазири соҳибаш


Имрӯз баррандаи Ҷоизаи иқтисодии Нобелро эълом хоҳанд кард, ки тавваҷӯҳ ба он имсол бо назардошти бӯҳрони ҷаҳонии молӣ бисёр зиёд аст. Соли гузашта, Ҷоизаи Иқтисодии Нобелро Пол Кругман – иқтисоддони Амрико ва шореҳи рӯзномаи “Ню Йорк Таймс” соҳиб шуд. Имсол аз миёни 11 баррандагони ҷоизаҳои мӯътабари Нобел дар улуми тибу, кимиё, физика, адабиёт, ки ҳафтаи гузашта эълом шуд, нӯҳ нафарашон шаҳрвандони Амрико буданд, ки яке аз онҳо раиси ҷумҳур Барак Обама аст, ки ӯро шоистаи Ҷоизаи Сулҳи Нобел донистанд.
XS
SM
MD
LG