Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натиҷаҳои интихоботи Русия эълом мешавад


Дар Русия, ки рӯзи якшанбе интихоботи мақомоти маҳаллӣ баргузор кард, шикоятҳо аз ҷараёни ношафофу таққалубкорӣ авҷ мегирад. Барои соҳиб шудан ба мақомҳои раисони шаҳру минтақаҳо ва ноҳияи Русия бештар аз 90 ҳазор номзад рақобат карданд. Аз миёни 83 минтақаи Русия интихобот дар 76 минтақа баргузор шуд. Аз ҷумла дар Чеченистону дигар минтақаҳои ноороми Қафқоз ва ҳамчунин шаҳри Маскав, ки соҳиби буҷаи 40 миллиардолларӣ мебошад. Ба гуфтаи нозирон ва номзадҳои мухолифин, бо вуҷуди ваъдаи Дмитрий Медведев, барои рушди демократия дар Русия, дар интихобот қонуншиканиҳои зиёде мушоҳида шудааст. Қарор аст, натиҷаҳои интихоботро имрӯз эълом кунанд.
XS
SM
MD
LG