Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Саркисян равобти кишвараш бо Туркияро ногузир хонд


Серж Саркисян-раиси ҷумҳури Арманистон зимни паёме ба мардуми кишвараш гуфт, Арманистон ба ҷуз аз барқарории равобити дипломатӣ баъд аз даҳсолаҳо душманӣ бо Туркия чораи дигар надорад. Ба гуфтаи вай, ин кор бояд бидуни пешшарте анҷом бигирад. Саркисян дар остонаи имзои Аҳдномаи миёни ду кишвар ин паёмро ба мардуми худ фиристод. Вай гуфт, агар Туркия тибқи ин Аҳднома дар чаҳорчӯбаи вақти пешбинишуда бидуни сабабе иҷрои ӯҳдадориҳои худро ба таъхир андозад, дар он сурат Арманистон бо назардошти ҳуқуқи байналмиллалии худ қадам хоҳад бардошт.
XS
SM
MD
LG