Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Филлипин шоҳиди фоҷиаи дигар шуд


Бар асари лағжиши хок дар шимоли Филлипин шаби гузашта 160 нафар ҳалок шудаанд. Дар мамҷӯъ теъдоди қурбониёни обхезиву ярч дар ҳафтаи гузашта дар Филлипин бештар аз 400 нафар ҷони худро аз даст додаанд. Ин ҳама натиҷаҳои тӯфони харобиовари мавсум ба “Парма” аст, ки рӯзи шанбе дар Филлипин бедодгарӣ карду харобӣ овард. Борони зиёд, сабаби аз соҳили рӯдхонаву обанборҳо берун шудани об ва зери об мондани маҳалҳои васеъе шуд.
XS
SM
MD
LG