Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сафари осиёии Барак Обама дар моҳи ноябр


Моҳи оянда нахустин сафари кории раиси ҷумҳурии Амрико Барак Обама ба кишварҳои осиёӣ шурӯъ мешавад. Дар ҷараёни ин сафар вай аз Ҷопону Чин, Кореяи Ҷанубиву Сингапур дидан хоҳад кард. Кохи Сафед гуфт, ки Обама рӯзи 11 ноябр барои як нишасти дурӯза нахуст ба Токио сафар мекунад, баъдан барои ширкат дар нишасти ҳамкориҳои иқтисодии Осиёву Уқёнусия дар рӯзҳои 13-15-уми ноябр ба Сингапур меравад. Баъдан дар Шонгҳою Пекин вай бояд чаҳор рӯз ба хотири баррасии масоили сиёсиву иқтисодӣ меҳмон шавад. Боздиди ӯ аз Осиё бо Кореяи Ҷанубӣ анҷом мешавад, ки қарор аст рӯзҳои 18-19 ноябр иттифоқ уфтад.
XS
SM
MD
LG