Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Анҷумани бузургдошти Имом Абӯҳанифа дар Душанбе


Раисиҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон, имрӯз дар анҷумани бузургдошти рӯҳонии садаи ҳафтуми милодӣ, Абӯҳанифа Нӯъмон ибни Собит дар шаҳри Душанбе, гуфт, ташреҳ ва иҷтиҳоди ин мутаффаккири исломӣ дархӯри ҷомеаи муосир низ буда, таҷлил аз шахсият ва мероси ӯ на ба маънои боло гузоштани яке аз мазҳабҳо, балки ба маънои тавҳиди умумии мусулмонон аст. Раҳбари Тоҷикистон аз ҷумла гуфт, таълимоти Имоми Аъзам дар масъалаи ҷорӣ кардану адлу дод ва озодиҳои шахсӣ, таҳаммулпазирӣ ва хайру накӯкорӣ ва ҳифзи вижагиҳои миллию мазҳабӣ дар давраи ҷаҳонишавӣ ҳаётан муҳим мебошанд. Президенти Тоҷикистон пешниҳод кард, ки кишварҳои пешрафтаи исломӣ 5 дарсади даромади худро барои тавсеаи кишварҳои дар ҳоли рушд истифода кунанд.
XS
SM
MD
LG