Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Караманлис бохт дар интихоботро таьйид кард


Сарвазири Юнон Костас Караманлис бохти ҳизби худ дар интихоботи парлумонии кишварро эътироф кард. Тибқи иттилоъи муқаддамотӣ, дар ин маъракаи сиёсӣ ҳизби сотсиалистӣ - ҳизби мухолифи ҳукумат назар ба ҳизби ҳукмрони "Демократҳои нав" 7 дар сад бештар раъйҳоро соҳиб шудааст. Тибқи хабарҳо, Караманлис аллакай раҳбари Ҳизби сотсаилист Георгиос Папандреуро бо пирӯзӣ табрик гуфтааст.
XS
SM
MD
LG