Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мегӯяд, бо ҳусни ният вориди гуфтугӯ мешавад


Музокиракунандаи аршади ҳастаии Эрон мегӯяд, кишвараш гуфтугӯ бо шаш қудрати ҷаҳониро ин ҳафта бо ҳусни ният оғоз хоҳад кард. Сайиди Ҷалилӣ дар ҳоле ки Теҳронро ба қасди Женева ва барои ширкат дар музокироти рӯзи панҷшанбе бо панҷ узви доимии Шӯрои Амнияти Созмони Милал -- Иёлоти Муттаҳида, Бритониё, Чин, Русия, Фаронса бо изофаи Олмон тарк мекард, гуфт: "Ба назари мо, ин гуфтугӯҳо як фурсат ва як озмун ҳаст. Мо бо ҳусни ният, бо нигоҳи мусбат ва бо як нигоҳи роҳбурдӣ ва дарозмуддат вориди гуфтугӯҳо мешавем."
Иёлоти Муттаҳида ва кишварҳои Ғарб мехоҳанд бо Эрон масъалаи ғанисозии уранро баррасӣ кунанд, ки гумон меравад, ҳадаф аз онҳо дастрасӣ ба силоҳи ҳастаист. Эрон гуфтааст, омодааст, масъалаҳои адами густариши силоҳи ҳастаӣ ва амниятро баррасӣ кунад, аммо истифодаи осоишта аз нерӯи ҳастаиро ҳаққи худ мешуморад.
XS
SM
MD
LG