Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

НАТО: Афғонистон ба тамрини бештар ниёз дорад


Андерз Фог Расмуссен-Дабири кулли паймони НАТО мегӯяд, агар Амрико ва муттаҳидонаш бихоҳанд, ки дар ҷанги Афғонистон пирӯз шаванд, "масъала бояд тағир ёбад". Вай баъд аз интихобаш ба ин мақом дар авоили соли ҷорӣ рӯзи душанбе зимни нахустин суханрониаш дар Вошингтон гуфт, бояд дар Афғонистон бештар ба тамрини низомиён ва нируҳои ғайринизомӣ тамаркуз шавад, то онҳо дар таъмини амният ва бозсозии кишвар пешсаф бошанд. Бо вуҷуди ин Дабири кулли паймони НАТО нагуфт, ки вай бо фиристодани нируҳои бештари Амрико ба Афғонистон барои мубориза бар зидди Толибон ва тундравҳо розист ё хайр.
XS
SM
MD
LG