Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии Русия аз озмоиши мушакҳои Эрон


Сергей Лавров-вазири умури хориҷаи Русия аз озмоишҳои ахири мушакҳои Эрон изҳори нигаронӣ кардааст. Вай аз Теҳрон хостааст, ки бо Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ ҳамкории комил дошта бошад ва ба суолҳо дар бораи таъсисоти махфии ҳастаии худ посух диҳад. ИТАР-Тасс аз қавли Лавров навиштааст, вай зимни мулоқоташ бо вазири хориҷаи Эрон дар СММ аз Теҳрон тақозо кардааст, ки бо Ожонс "комилан ҳамкорӣ" кунад.
XS
SM
MD
LG