Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯиқасд ба ҷони вазири энержии Афғонистон


Вазири энержии Афғонистон, Исмоилхон, аз як сӯиқасд бо истифода аз мошини бомбгузоришуда дар Ҳирот ҷон ба саломат бурд. Мошин дар ҳоле мунфаҷир гашт, ки корвони мошинҳои Исмоилхон аз паҳлуи он мегузашт. Дар натиҷаи таркиш 4 шаҳрванд кушта ва 17 тани дигар, аз ҷумла се муҳофизи Исмоилхон захмӣ шудаанд. Сухангӯи Толибон масъулияти ин ҳамларо бар дӯш гирифт. Исмоилхон яке аз фармондеҳои саршиноси муҷоҳидон дар ҷанги зидди Шӯравӣ, пеш аз таъин шуданаш ба вазифаи вазири энержӣ, ҳокими вилояти Ҳирот буд.
XS
SM
MD
LG