Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Озмуни мушакҳои Эрон дар авҷи баҳс бо Ғарб


Дар ҳоле ки шиддат миёни Эрон ва Ғарб дар баҳси ҳастаӣ рӯ ба афзоиш дорад, Теҳрон ду мушаки кӯтоҳпарвоз партоб кард.

Шабакаҳои давлатии телевизиони Эрон гузориш доданд, ки дар ҷараёни тамринҳои ҳарбӣ мушакҳои "Тундар-69" ва "Фотеҳ-110" мавриди озмоиш қарор гирифтанд. Ҳамчунин гуфта шуд, ки мушаки дурпарвози навъи Шиҳоб метавонад, то ба Исроил ва пойгоҳҳои Иёлоти Муттаҳида дар минтақаи Халиҷи Форс бирасанд. Гуфта мешавад, тӯли парвози мушаки "Шиҳоб-3" аз 1 300 то 2000 километр аст.
Ба ҷои идроки ин ки мо, яъне ҷомеаи байнулмилалӣ бо қатъият нахоҳем гузошт, ки Эрон ҳастаӣ шавад, онҳо бо ҳар роҳ талош доранд, баракси инро исбот кунанд...

Сипоҳи посдорони инқилоби исломии Эрон, ки аз нерӯҳои баргузидаи ин кишвар аст, эълон кард, дар размоишҳои худ дар чанд рӯзи оянда тавонмандиҳои дифоии Эронроба намоиш хоҳад гузошт. Дар ҷараёни он мушакҳои замин ба замин низ озмоиш хоҳад шуд.

Тамринҳои ҳарбии Эрон дар ҳоле оғоз ёфтаанд, ки ҷумҳурии исломӣ зимни барномаи ҳастаияш зери фишори афзоянда қарор мегирад.

Исроил ба ин тамринҳо ва озмоиши мушакҳои Эрон вокуниш нишон дод. Ноиби вазири умури хориҷии Исроил Даниел Авалон мегӯяд, "озмоишҳои мушакӣ ва идомаи размоишҳои Эрон нописандӣ ва амалан ба мушкил кашидани ҳамаи ҷомеаи байнулмилалист. Ба ҷои идроки ин ки мо, яъне ҷомеаи байнулмилалӣ бо қатъият нахоҳем гузошт, ки Эрон ҳастаӣ шавад, онҳо бо ҳар роҳ талош доранд, баракси инро исбот кунанд."

Рӯзи душанбеи гузашта Эрон дар номае ба Бунгоҳи байнулмилалии нерӯи ҳастаӣ хабар дод, ки корхонаи дувуми ғанисозии уранро боз кардааст. Дар паёми худ ба Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид дар Ню Йорк, рӯзи 25-уми сентябр, раисиҷумҳури Эрон, Маҳмуди Аҳмадинажод, гуфт, корхонаи нав дар наздикии шаҳри Қум ва бо риояи муқаррароти Созмони Милал бунёд шудааст.

Ҳангоми бозгашташ ба Теҳрон, Аҳмаднажод, аз қудратҳои ғарбӣ интиқод кард:

нс092701

Мақомоти Эрон қарор аст, рӯзи 1-уми октябр бо намояндагони панҷ узви доимии Шӯрои Амният -- Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин, Бритониё, Фаронса бо изофаи Олмон мулоқот ва масъалаҳои марбут ба барномаи ҳастаии Эронро баррасӣ хоҳанд кард. Сарони Иёлоти Муттаҳида, Бритониё ва Фаронса Теҳронро айбдор карданд, ки ба нақз аз қоидаҳои Созмони Милал корхонаи навро ба кор андохт ва дар ҳоли набуди ҳамкориии пурраш бо қудратҳои ҷаҳонӣ ба таҳримҳои нав ва сангин рӯбарӯ хоҳад шуд.

Дар муосоҳиба бо Радиои Озодӣ дар Ню Йорк, вазири умури хориҷии Русия, Сергей Лавров, ҳамаи тарафҳоро то омӯзиши ҷузъиёти масъала ба хештандорӣ даъват кард. Вай ҳамчунин шубҳаҳоро, ки Теҳрон чизҳое марбут ба корхонаи дувуми ғанисозии уранро аз ҳукуматҳои Ғарб пинҳон медорад, зери суол гузошт.

Ҳамчунин дар Ню Йорк, раисиҷумҳури Ироқ, Ҷалоли Толибонӣ, гуфт, таҳримҳои нави зидди Эрон натиҷае нахоҳанд дошт ва ҳушдор дод, ки Ироқ ҳаргиз ба Исроил ё ҳар кишвари дигаре иҷоза нахоҳад дод, ҳарими ҳавоии Ироқро барои зарба ба иншооти ҳастаии Эрон истифода кунад. Толибонӣ афзуд, шаш қудрати асосии ҷаҳон, Иёлоти Муттаҳида, Русия, Чин, Бритониё, Фаронса ва Олмон, ки бо масъалаҳои ҳастаии Эрон сари кор доранд, бояд бо Эрон вориди музокироти, ба гуфтаи ӯ, "воқеӣ", шаванд ва ҳуқуқи Теҳронро ба истифодаи осоиштаи нерӯи ҳастаӣ тазмин кунанд.
XS
SM
MD
LG