Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Ҳалокати 13 нафар дар таркишҳои Покистон


Аз таркиши ду мошини бомбгузоришуда дар шимолу ғарби Покистон ба камияш 13 нафар кушта шуданд. Ҳафт нафар дар Пешовар аз чунин таркиш ба ҳалокат расида, даҳҳо тани дигар захмӣ шудаанд. Субҳи имрӯз як толиби худкуш бо мошини боркаши бомбгузоришуда пойгоҳи полисро дар Бону, низ шимолу ғарби Покистон, мунфаҷир кард. Дар ин таркиш шаш нафар кушта ва 30 тан маҷрӯҳ шудаанд. Ин минтақа дар марзи Афғонистон буда, нуфузи Толибон дар он ҳоким аст.
XS
SM
MD
LG