Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мулоқоти Ҳилларӣ Клинтон бо Раҳмон


Мақомоти расмӣ мегӯянд, Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико ва Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе авзоъи Афғонистон ва шеваҳои расидан ба сулҳ дар ин кишвари нооромро баррасӣ кардаанд. Дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон мегӯяд, Ҳилларӣ Клинтон барои нақши Тоҷикистон дар амри истиқрори субот дар Афғонистон ба Эмомалӣ Раҳмон изҳори сипос кардааст. Эмомалӣ Раҳмон пештар аз ин бо Ричард Ҳолбрук – фиристодаи хоси Амрико дар умури Афғонистону Покистон ҳам мулоқот дошт. Раиси ҷумҳури Тоҷикистон аз минбари Созмони Милал гуфт, Тоҷикистон хоҳони дидани як Афғонистони босубот аст ва мушкили ин кишварро наметавон танҳо бо роҳи низомӣ ҳал кард.
XS
SM
MD
LG