Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Мавҷудияти об дар Моҳ собит мешавад


Муҳаққиқони кайҳон шаҳодатҳои қавии мавҷудияти обро дар Моҳ ба даст овардаанд. Ин маълумотро се киштии кайҳонӣ, аз ҷумла ҳайати ахири ҳиндии “Чандараваан” ҳам таъид карданд, ки дар қабати болоии Моҳ ҷӯяки бисёр нозуки об мушоҳида мешавад. Дар ин бора нашри тозаи маҷаллаи илмии Science хабар додааст. Масалан таҳқиқоти ҳайати Apollo аз ин пеш гуфта буд, ки дар Моҳ нишонаҳои намнокии қабати хок мушоҳида шудааст. Чунин бозёфт барои кайҳоннавардони муҳаққиқ дар оянда эҳтимолан имкони кору фаъолияти дарозмуддатро дар болои Моҳ фароҳам меорад.
XS
SM
MD
LG