Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Даъвати IMF ба идомаи кӯмак ба Покистон


Сандуқи байналмилалии пул аз кишварҳои кӯмакрасон даъват кард, бар тааҳҳудоти худ ҷиҳати ироаи кӯмакҳои чандмиллиарддолларӣ ба Покистон содиқ бимонанд. Аднон Мазораӣ, раҳбари намояндагии ин ниҳоди молӣ дар Покистон гуфт, камбуди маболиғ тавони давлати Покистон дар амри ироаи хадамоти заруриро заъиф хоҳад кард. Кишварҳои кӯмакрасон дар анҷумани моҳи апрел дар Токио ба Исломобод ваъдаи 5,7 миллиард доллар кӯмак супурда буданд. Вале Аднон Мазораӣ гуфт, ки то имрӯз танҳо як бахше аз ин кӯмакҳо ба дасти давлати Покистон расидаасту бас.
XS
SM
MD
LG