Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дидори қарибулвуқӯъи Обама ва Медведев


Интизор меравад, имрӯз Дмитрий Медведев раиси ҷумҳури Русия, дар ҳошияи нишасти Маҷмаъи Кулли Созмони Милал бо Барак Обама – раиси ҷумҳури Амрико дар шаҳри Ню Йорк дидору гуфтӯгу кунад. Баъди ба сари қудрат расидани Барак Обама дар моҳи январи ҳамин сол ин мулоқоти саввуми вай бо Дмитрий Медведев хоҳад буд. Интизор меравад, ду тараф дар мавриди бӯҳрони ҳастаии Эрон, аз ҷумла масъалаи эъмоли даври чаҳоруми таҳримоти байналмилалӣ ба зидди ин кишвар сӯҳбат кунанд. Русия чанде пеш ишора кардааст, ки мухолифи эъмоли таҳримоти нав ба зидди Эрон нест, ки бо вуҷуди талаби Созмони Милал фаъолиятҳои ғанисозии ураниумро муттавақиф накардааст. Кишварҳои ғарбӣ мегӯянд, Эрон мехоҳад таҳти пӯшиши барномаҳои сулҳомези ҳастаӣ бомби атомӣ бисозад, чизе ки давлати Эрон ҳамвора рад кардааст.
XS
SM
MD
LG