Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Гузориши пур аз нигаронии ADB нашр шуд


Бонки осиёии рушд дар гузориши наваш мегӯяд, зарбаҳои бӯҳрони ҷаҳонӣ, коҳиши ҳаҷми тиҷорат бо Русия ва таҳвили пули муҳоҷирон ба иқтисоди кишварҳои Қафқозу Осиёи Марказӣ таъсири шадид гузошта, бештар аз ҳама ба Арманистону Гурҷистону Қазоқистон ва нисбатан камтар – ба Узбакистону Туркманистон осеб расондааст. Гузориш мегӯяд, пасрафти амиқи иқтисоди Русия мунҷар ба коҳиш ёфтарни тиҷорату сармоягузорӣ ва 25,5 дарсад коҳиш ёфтани ҳаҷми таҳвили пули муҳоҷироне шуд, ки дар бозори Русия рӯзӣ меҷӯянд.
Бонки осиёии рушд, ки қаблан мизони эҳтимолии рушди имсолаи иқтисоди Тоҷикистонро 3 дарсад пешбинӣ мекард, акнун ин нишондиҳандаро 6 маротиба пойин оварда, ним фоиз мегӯяд.
XS
SM
MD
LG