Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Клинтон бо Раҳмон мулоқот мекунад


Роберт Блейк – ёвари вазири умури хориҷаи Амрико дар умури кишварҳои Осиёи Марказӣ, эълом кард, ки қарор аст, Эмомалӣ Раҳмон раиси ҷумҳури Тоҷикистон рӯзи панҷшанбе бо Ҳилларӣ Клинтон – вазири умури хориҷаи Амрико дидору мулоқот кунад. Доир ба мӯҳтавои мулоқот чизе гуфта нашудааст. Эмомалӣ Раҳмон – дар шаҳри Ню Йорк қарор дорад ва имрӯз дар нишасти сарони кишварҳои ҷаҳон дар мавриди тағйири тағйири иқлим ширкат ва суханронӣ мекунад.
XS
SM
MD
LG