Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Интизориҳои маҳдуд аз мулоқоти Ховари Миёна


Кохи Сафед мегӯяд, набояд аз мулоқоти раисиҷумҳури Иёлоти Муттаҳида, Барак Обама, сарвазири Исроил Бенямин нетаняҳу ва раиси маъмурияти худгардони Фаластин Маҳмуд Аббос интизориҳои бузург дошт. Қарор аст, Обама дар Ню Йорк, ки барои ширкат дар Маҷмаи умумии Созмони Милал ба он ҷо сафар кардааст, аввал гуфтушунидҳои ҷудогона бо ду раҳбар хоҳад дошт ва сипас, як нишасти сеҷониба ба вуқӯъ хоҳад пайваст. мақомоти амрикоӣ мегӯяндӯ, дар ин ҳамоишҳо роҳҳои эҳёи раванди сулҳи Ховари Миёна баррасӣ хоҳанд шуд. Дар Ню Йорк инчунин интизор меравад, Обама бо раисиҷумҳури Русия, Дмитрий Медведев ва сарони Чину Ҷопон мулоқоти як ба як дошта бошад.
XS
SM
MD
LG