Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Се афғонро додгоҳи ИМА эҳзор мекунанд


Се амрикоии афғонтабор, ки якеашон ба тамрин дидан аз тарафи Ал-Қоида дар Покистон муттаҳам мешавад, барои эъломи иттиҳом ба додгоҳи Амрико ҳозир мешаванд. Ин се нафарро, ба тарҳрезии бомбгузориҳо дар Иёлоти Муттаҳида муттаҳам мекунанд. Наҷибуллоҳ Зозии 24 – сола, ҳамроҳи падари 54-солааш Муҳаммад, рӯзи шанбе дар иёлати Колорадои Амрико боздошт шуданд. Фарди саввум Аҳмадвайс Афзалӣ дар шаҳри Ню Йорк дастгир шудааст. Ҳар се нафар дар Амрико қонунӣ зиндагӣ мекардаанд ва вазорати адлияи Иёлоти Муттаҳида мегӯяд, ки онҳо “ба додани иттилоъоти бардурӯғ дар робита ба тероризми дохилӣ ва байналмилалӣ” муттаҳам мешаванд.
XS
SM
MD
LG