Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хонум Клинтон мусулмононро бо Иди Фитр табрик гуфт


Хонум Ҳилларӣ Клинтон-вазири умури хориҷаи Амрико дар як паёми видеоӣ мусулмонони ҷаҳонро бо фарорасии Иди Фитр табрик гуфт. Вай афзуд:

"Мо медонем, чизҳое ҳаст, ки мардуми мазҳабиро бештар муттаҳид мекунад, нисбат ба он ки тафриқа андозад. Ба ҳамин далел, чун рамазон ба поён мерасад, иҷоза диҳед ҳамин рӯҳияи муштаракро тамоми сол дошта бошем ва ба ҳадафҳои муштараки худ дар роҳи сулҳи шукуфоӣ ва оромӣ бирасем".


Дар ин маврид Хонум Клинтон паёми Барак Обама-раиси ҷумҳури Амрико дар Қоҳираи Мисрро дар назар дорад, ки гуфта буд, Амрико мехоҳад бо мусулмонони саросари ҷаҳон марҳалаи нави муносиботро оғоз кунад, марҳалаеро, ки бар пояи манофеъи ҷонибҳо ва эҳтироми муттақобила пайрезӣ шавад.
XS
SM
MD
LG