Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Теъдоди қурбониён дар Коҳат афзоиш ёфт


Теъдоди қурбониёни таркиш дар шаҳри Коҳат, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, ба 25 нафар расид. Ба иттилоъи полис, даҳҳо нафар бо ҷароҳатҳои гуногун ба бемористон интиқол ёфтанд. Субҳи имрӯз як маргталаб мошини ҳомили маводи таркандаро ба бинои меҳмонсарои воқеъ дар бозори шаҳр равона кард. Масъулини полиси Коҳат гуфтаанд, ки ин ҳамла шояд бо низоъи миёни сунниҳову шиаҳо бастагӣ дошта бошад – бештари аҳолии ин шаҳр шиамазҳабанд.
XS
SM
MD
LG