Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Коҳиши бамаротиби сармоягузорӣ ба Гурҷистон


Имсол ҳаҷми сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисоди Гурҷистон 5 маротиба коҳиш ёфтааст. Бино ба омори нашршуда, имсол мизони сармоягузории мустақими хориҷӣ ба иқтисоди ин кишвар 226 миллион долларро ташкил медиҳад, ки назар ба 1 миллиарду 150 миллион долларе, ки Тифлис фақат дар нимаи аввали соли гузашта дарёфт карда буд, 5 маротиба камтар аст. Бӯҳрони саросарии молӣ ва ҷанги соли гузаштаи Гурҷистон бо Русия аз омилҳоест, ки ба сарозер шудани сармоя ба Гурҷистон таъсиргузор будаанд. Имсол ба Гурҷистон сармояи бештарин аз Имороти Муттаҳидаи Араб омадааст.
XS
SM
MD
LG