Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Натоиҷи пешакии интихоботи Афғонистон эълон шуд


Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон натоиҷи пешакии интихоботи раёсатҷумҳурии рӯзи 20 августро эълон кард. Ба иттилоъи комиссиюн, дар интихобот камтар аз 40 дар сади афроди соҳиби ҳаққи раъй ширкат доштанд. Раисиҷумҳури феълӣ Ҳомид Карзай 54 дар сади раъйҳоро соҳиб шудааст ва аз рақиби аслии ӯ - собиқ вазири умури хориҷа Абдулло Абдулло тақрибан 28 дар сади раъйдиҳандагон пуштибонӣ кардаанд.
Аз ин пеш Ситоди интихоботии раисиҷумҳури Афғонистон Ҳомиди Карзай ҳайати нозирони Иттиҳодияи Аврупоро дар бемасъулиятӣ айбдор кард. Дар изҳороти ин ситод гуфта шудааст, ки "Иттиҳодияи Аврупо бо пахши иттилоъи нозирони худ аз ҳадди ваколатҳояш берун пой гузоштааст". "Ин иттилоъ бояд қабл аз ҳама ба Комиссиюни мустақили интихоботии Афғонистон ироа мешуд", омадааст дар изҳороти ситоди Ҳомид Карзай.
Ин изҳорот - посух ба баёнияи нозирони Иттиҳодияи Аврупо дар Афғонистон аст, ки тибқи он, дар маҷмӯъ яку ним миллион раъйҳои интихоботи раёсатҷумҳурӣ «шубҳабарангезанд» ва ин тақрибан 15 дар сади теъдоди умумии афроди соҳиби ҳаққи раъйро ташкил медиҳад.
XS
SM
MD
LG