Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Шурӯъи мурофиаи додгоҳии ду раҳбари собиқи сербҳо


Имрӯз дар Додгоҳи байнулмилалии ҷиноёти низомии Ҳейг ваё Гаага мурофиаи собиқ вазири умури дохилаи сербҳои Боснӣ Мико Станишич ва раҳбари пешини полиси сербҳои Боснӣ Стоян Жуплянин шурӯъ мешавад. Онҳо дар ҷиноёти низомӣ ва ҷиноёт алайҳи башарият дар солҳои ҷанги Боснӣ дар солҳои 1992-1995 айбдор мешаванд. Гуфта мешавад, ки таъқиб ва истирдоди даҳҳо ҳазор мардуми ғайрисерби муқими Ҷумҳурии сербҳои Боснӣ бо ибтикори Станишич сурат гирифтааст. Дар ин ҷиноят Жуплянин ҳам даст дорад.

XS
SM
MD
LG