Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

GM тасмимаш дар мавриди Opel-ро эълон мекунад


General Motors имрӯз тасмимаш дар мавриди ба кӣ фурӯхтани ширкати мошинсозии дар Аврупо Opel-ро эълон хоҳад кард. Opel аз бӯҳрони саросарӣ сахт осеб дид ва қарори имрӯзаи General Motors сарнавишти ҳудуди 50 000 корманди ин ширкати мошинсозиро таъйин хоҳад кард. Як бахши корхонаҳои Opel дар Олмонанд ва қарори молики Opel дар ҳоле эълон мешавад, ки Олмон ба интихоботи саросарии рӯзи 27 сентябр омодагӣ мегирад. Давлати Олмон ҷонибдори ба ширкати канадоии ва Сбербанки Русия фурӯхтани Opel мебошад.
Як сандуқи сармоягузории мақараш дар Белгия низ ба хотири харидани Opel вориди рақобат шудааст, вале бино ба хабарҳо, General Motors акнун мехоҳад Opel-ро ҳифз кунад. Қарор аст, намояндагони General Motors пеш аз эълони тасмими ниҳоии худ бо давлати Олмон мулоқот кунанд.
XS
SM
MD
LG