Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон имрӯз пешниҳодҳояшро эълон мекунад


Қарор аст имрӯз Эрон пешниҳодҳои нави худ оид ба барномаи ҳастаияшро ба панҷ кишвари узви доимии Шӯрои амнияти Созмони Милали Муттаҳид ба изофаи Олмон ироа кунад. Дар ин бора ахиран Манучеҳри Муттакӣ, вазири умури хориҷии Эрон хабар дод. Кишвархои ғарбӣ Теҳронро дар талоши дастёбӣ ба силоҳи ҳастаӣ гумонбар мехонанд. Раисиҷумҳури Эрон Маҳмуди Аҳмадинажод дирӯз дар як нишасти хабарӣ гуфт, ки кишвараш ба музокирот омодааст ва аммо ба ягон кишвар иҷоза нахоҳад дод, ки ба ҳаққи мусаллами Эрон барои пажӯҳиши барномаи ҳастаӣ шакку шубха кунад.
XS
SM
MD
LG