Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

СММ мухолифи тақаллуб дар интихоботи Афғонистон аст


Кай Эйде-раҳбари намояндагии СММ дар Афғонистон даъват кардааст, ки бар зидди тақаллуб дар интихоботи раёсати ҷумҳурии 20-ӯми августи ин кишвар мубориза анҷом бигирад, зеро он сабаби афзоиши нигарониҳо аз ин тақаллуб шудааст. Кай Эйде аз мақомоти расмии интихоботӣ хост баргаҳоеро, ки ба гуфтаи худаш "нишонаи тақаллуб" аст, шумурда нашавад. Дар ҳоле, ки мардуми Афғонистон интизори натиҷаҳои ниҳоии ин интихоботанд, ба таври густарда идао мешавад, ки даста-даста баргаҳои райро ба сандуқҳо рехтаанд. Комиссияи мустақили интихоботӣ натиҷаҳои 447 қитъаи райдиҳиро ботил кард, ки он тақрибан 200 000 райро ташкил медиҳад. Ҳоло бо шумориши 74 дарсади оро Ҳоимд Карзай-раиси ҷумҳури кунунӣ тақрибан 49 дарсад ва рақби вай Абдуллоҳ Абдуллоҳ-вазири пешини умури хориҷа тақрибан 32 дарсад рай ба даст овардаанд. Барои пирӯзӣ 50 дарсад рай зарур аст.
XS
SM
MD
LG