Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Эрон мехоҳад дар чаҳорчӯби ОБЭҲ ҳамкорӣ кунад


Имрӯз Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон гуфт, кишвараш фаъолиятҳои баҳсбарангези ҳастаиашро идома медиҳад ва ҳеҷ гоҳ дар бораи ҳақи "мусаллами" ҳастаии худ музокира нахоҳад кард. Вай зимни суханонаш дар нишасти хабарии Теҳрон гуфт, Эрон мехоҳад бо Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаӣ (ОБЭҲ) ҳамкорӣ кунад:

"Ман гуфтам, ки мавзӯи ҳастаии Эрон дар чаҳорчӯби муқаррароти ожонс пайгирӣ мешавад ва ин раванди мустамир аст. Ҳамаи касоне, ки чархаи ғанисозӣ доранд, мудирияти сӯхти ҳастаӣ доранд, ба таври мустамир бо ожонси ҳстӣ ҳамкорӣ мекунанд. Мо ҳам дар чаҳорчӯби муқаррарот бо ожонс ҳамкорӣ мекунем".

Аҳмадинежод афзуд, Эрон омода аст бо кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ба музокира биншинад, вале ин музокирот бояд бо назардошти чолишҳои байналмиллалӣ анҷом бигирад. 5 кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти СММ ва Олмон то охири сентябр ба Эрон мӯҳлат додаанд, ки ба музокирот роҷеъ ба барномаҳои ҳастаиаш ризоят диҳад, вагарна ба таҳримҳои бештар рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG