Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Аҳмадинежод фаъолияти ҳастаиро ҳақи "мусаллам" хонд


Имрӯз Маҳмуди Аҳмадинежод-раиси ҷумҳури Эрон гуфт, кишвараш фаъолиятҳои баҳсбарангези ҳастаиашро идома медиҳад ва ҳеҷ гоҳ дар бораи ҳақи "мусаллами" ҳастаии худ музокира нахоҳад кард. Вай зимни суханонаш дар нишасти хабарии Теҳрон гуфт, Эрон фаъолияти ҳастаии худро "дар ҳамкории наздик" бо Ожонси Байналмиллалии Энержии Ҳастаии СММ идома хоҳад дод. Аҳмадинежод афзуд, Эрон омода аст бо кишварҳои абарқудрати ҷаҳон ба музокира биншинад, вале ин музокирот бояд бо назардошти чолишҳои байналмиллалӣ анҷом бигирад. 5 кишвари узви доимии Шӯрои Амнияти СММ ва Олмон то охири сентябр ба Эрон мӯҳлат додаанд, ки ба музокирот роҷеъ ба барномаҳои ҳастаиаш ризоят диҳад, вагарна ба таҳримҳои бештар рӯ ба рӯ хоҳад шуд.
XS
SM
MD
LG