Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Қирғизҳо аз зиёрати Каъба маҳрум хоҳанд монд?


Мақомоти Қирғизистон аз шаҳрвандони худ хостанд, ки имсол аз зиёрати Каъба худдорӣ кунанд. Департаменти давлатии беҳдошти Қирғизистон бо пахши ин дархост далел пеш овардааст, ки соли равон ҳукумати Арабистони Саудӣ барои ҳаҷгузорон аз кишварҳои Осиёи марказӣ чанд талаботи навро ҷорӣ кардааст. Аз ҷумла, зойирин санад дар бораи саломатиашонро, ки на камтар аз 2 ҳафта қабл аз сафар гирифтанд, бояд бо забони арабӣ пешниҳод кунанд. Ва ҳамчунин агар дар ҳавопаймо нафаре аз ҳаҷгузорон бо нишонаҳои маризии зукоми хук ошкор шавад, ҳама зойирини ҳавопаймо ба Ватан бозгардонида мешаванд.
XS
SM
MD
LG