Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Туркманҳову озариҳо хостори беҳбуди муносибот шуданд


Матбуоти давлатии Туркманистон иттилоъ додаанд, ки раҳбарони Туркманистону Озарбойҷон дирӯз роҷеъ ба беҳбуди муносиботи сарди ҷонибҳо ба тавофуқ расидаанд. Ин ду кишвар бар сари таъйини хутути обии худ дар Дарёи Хазар бо ҳам мухолифанд. Туркманистон гуфтааст, мехоҳад ҳалли ин ихтилофотро ба додгоҳи байналмиллалӣ бикашад. Хабаргузории Туркманистон навиштааст, Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов-раиси ҷумҳури ин кишвар ба Илҳом Алиев-раиси ҷумҳури Озарбойҷон барои баррасии ҳамкориҳои дуҷониба занг задааст ва ҳар ду розӣ шудаанд, ки муносиботро беҳбуд бахшанд.
XS
SM
MD
LG