Рӯзи сешанбе Эмомалӣ Раҳмон-раиси ҷумҳури Тоҷкистон гуфт, ҳоло дар ин кишвар гурӯҳҳои мухталифи тундрави исломӣ хеле фаъоланд ва ба ҷомеъа таъсири манфӣ мерасонанд. Вай гуфт, ҳоло баъзе гурӯҳҳои тундгаро дар ҷомеъаи мусулмони Тоҷикистон дар минтақаҳои мухталиф тафриқа иҷод кардаанд. Раиси ҷумҳур ин нукотро дар мулоқоте бо донишҷӯён дар донишгоҳи тиҷорати Тоҷикистон изҳор дошт. Вай таъкид кард, ки ин проблемаи ҳамаи мардуми Тоҷикистон аст, зеро чунин гурӯҳҳо талош доранд ақидаҳои манфии худро ба ҷомеъа бор кунанд.