Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Имрӯз боздиди Пратибҳа Патил оғоз мешавад


Имрӯз боздиди расмии 7-рӯзаи Пратибҳа Патил-раиси ҷумҳури Ҳиндустон аз Русияву Тоҷикистон оғоз мешавад. Боздиди вай аз Русия оғоз мешвад ва то 6-ӯми сентябр давом мекунад. Рӯзҳои 6-8-ӯми сентябр боздиди Пратибҳа Патил аз Тоҷикистон дар назар гирифта шудааст. Тоҷикистон ва Ҳиндустон равобити дӯстона доранд ва то ҳол раиси ҷумҳури Тоҷикистон 4 бор аз Ҳиндустон боздид кардааст, дар ҳоле, ки раиси ҷумҳури Ҳиндустон бори аввал аз Тоҷикистон боздид мекунад.
XS
SM
MD
LG