Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пирӯзии чашмгири мухолифон дар интихоботи Ҷопон


Чунин ба назар мерасад, ки мухолифони ҳукумати Ҷопон дар интихоботи сартосарии ин кишвар пирӯзии чашмгир ба даст овардаанд. Пирӯзии Ҳизби Демократ ба ҳокимияти бетанаффуси тақрибан 50-солаи Ҳизби Либерал-Демократ хотима мегузорад. Назархоҳиҳои рӯзи якшанбеи матбуотӣ нишон медиҳад, ки Ҳизби Демократ аз 480 курсии маҷлиси поёнии порламон бештар аз 300 курсиро соҳиб шудааст. Райдиҳандагон Ҳизби ҳоким, яъне Ҳизби Либерал-Демократро дар ҳар ҷо муттаҳам мекунанд, ки иқтисоди Ҷопонро ба заъфият дучор кардааст ва бекорӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст.
XS
SM
MD
LG