Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

2 ҳазор шикоят аз раъйдиҳӣ дар интихоботи Афғонистон


Дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ ва шӯроҳои маҳаллии Афғонистон беш аз 2 ҳазор арзу шикоят дар бораи қонуншиканиҳо зимни овоздиҳӣ сабт шудааст. Комиссиюни бозрасии арзу шикоятҳо ахиран иттилоъ дод, ки 270 далели овардашуда басо ҷиддиянд ва дар сурати тайид шуданашон ба натоиҷи ниҳоии раъйдиҳӣ таъсир хоҳанд гузошт. Миёни қонуншиканиҳо, аз ҷумла, ба қуттиҳо андохтани баргаҳои тақаллубӣ, тарсонидани афроди соҳиби ҳаққи раъй ва қаллобӣ дар қитъаҳои интихоботӣ номбар мешавад.
Тибқи иттилоъи пешакӣ, дар интихоботи раёсатҷумҳурӣ сарвари феълии Афғонистон Ҳомид Карзай назар ба рақиби аслияш, собиқ вазири хориҷаи кишвар Абдулло Абдулло, 10 дар сад бештар раъйҳоро соҳиб шудааст.
XS
SM
MD
LG