Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Нигаронии "Агроинвестбонк" аз тақдири қарзҳояш


Раҳбарони дафтари “Агроинвестбонк” дар шаҳри Қӯрғонтеппа аз сарнавишти қарзҳои ба хоҷагиҳои пахтакор додаи ин бонк изҳори нигаронӣ кардаанд. Мудири ин шӯъбаи “Агроинвестбонк” Ҷалил Таваккалов гуфт, онҳо тарс доранд, ки хоҷагиҳо шояд ҳосили хуб ба даст оварда натавонанд ва дар ин сурат тавони пас гардондани қарзи бонкро аз даст бидиҳанд.
Соли гузашта ин бахши “Агроинвестбонк” ба хоҷагиҳои пахтакор ҳудуди 30 миллион сомонӣ қарз дода, то имрӯз ҳамагӣ 9 миллион сомонӣ аз қарзҳои порсолаашро пас гирифтааст. Дар соли равон “Агроинвестбонк” ба 286 хоҷагии пахтакори минтақа 13,6 миллион сомонӣ қарз додааст.
XS
SM
MD
LG