Рустами Ҷониев-раҳбари радиои "Имрӯз" ба хабаргузории "Азия Плюс" гуфтааст, ки ин радио бо муассисаҳои мухталифи ҳукуматӣ машғули музокира аст, то сабаби аслии муттаваққиф сохтани пахши барномаҳояшро дақиқ кунад. Ҳудуди ду ҳафтаи пеш пахши барномаҳои ин радиои маҳаллӣ қатъ шуд. Вай гуфтааст, далелҳои ҷониби ҳукумат дар бораи нуқси фаннии дастгоҳҳои пахш появу асос надорад.