Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Хотамӣ муҳокимаи ислоҳталабонро "харобиовар" хонд


Муҳаммади Хотамӣ-раиси ҷумҳури пешини Эрон гуфтааст, муҳокимаи ислоҳталабон, ки баъд аз эълони натиҷаҳои зиддунақизи интихоботи раёсати ҷумҳурии Эрон барои баргузории тазоҳурот муттаҳам дониста шудаанд, барои Эрон "харобиовар" мебошад. Мақомот даҳҳо нафар, аз ҷумла чанд нафар аз мақомоти боломақоми дафтари раёсати ҷумҳурии Муҳаммади Хотамӣ-раиси ҷумҳури пешинро барои таҳрики тазоҳурот баъд аз интихоботи моҳи июн ба додгоҳ кашондаанд. Хабаргузории ИРНО навиштааст, Хотамӣ дар изҳороти худ мегӯяд, ин раванд "муттаассифона, харобиовар ва бидуни асоси қонунист". Хотамӣ аз Мирҳуссейн Мусавӣ-номзади ислоҳталабон ҳимоят мекард.
XS
SM
MD
LG