Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Омодагиҳо ба шурӯъи мурофиаи ошӯбгарони Урумчӣ


Нашрияи расмии "China Daily" навишт, ки Чин дар ҳафтаи равон мурофиаи парвандаҳои марбут ба ошӯбҳои хунини қавмии моҳи гузашта дар вилояти ғарбии Шинҷонро шурӯъ мекунад.
Дар ошӯбҳои қавмии рӯзи 5 июл дар шаҳри Урумчӣ наздики 200 нафар кушта шуда ва 1600 нафар ҷароҳат бардоштанд. Дар иртикоби он ошӯбҳо расман беш аз 200 нафар боздошт шудаанд.
Оғози мурофиаҳо метавонад мояи бурузи танишҳои нав дар Шинҷон шавад. Уйғурҳои муқими ин минтақа алайҳи ҳузури афзояндаи қавми чиноии ҳан ва ҳам алайҳи назорати давлат бар ҳаёти фарҳангиву мазҳабии онҳо эътироз мекунанд.
XS
SM
MD
LG