Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Идомаи тохтутози сӯхтор дар Юнон


Ҳазорон нафар аз сокинони канораҳои шимолии Афина, пойтахти Юнон, аз тарси ба ин минтақа расидани оташсӯзиҳо шаби гузаштаро берун аз манзилҳои худ ба сар бурданд.
Бино ба хабарҳо, дар ин қисмати Юнон дасти кам 6 сӯхтори хориҷ аз назорат ба тохтутози худ идома медиҳад ва бодҳои шадид мунҷар ба тавсиъаи доманаи ин оташсӯзиҳо мешаванд.
Мақомот ҳушдор додаанд, ки сӯхтор ҳамчунон ба манотиқи аҳолинишин дар канораҳои шимолии пойтахт ва ҳам ба минтақаи таърихии Марафон таҳдид мекунад. Дар поёни ҳафтаи гузашта беш аз 90 сӯхтор Юнонро фаро гирифт ва сарвазири Юнон Костас Караманлис гуфтааст, ки фурӯ нишондани яке аз ин оташсӯзиҳо бахусус мушкил аст.
XS
SM
MD
LG