Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Тоҷикистон ба Покистон 1000 МВ барқ медиҳад


Зубайдуллоҳ Зубайдов-сафири Тоҷикистон дар Покистон дар Исломобод ба хабарнигорон гуфтааст, кишвараш барои рафъи камбуди нируи барқ ҳудуди 1000 мегават нируи барқ дар ихтиёри Покистон мегузорад. Ба гуфтаи вай, ин ниру ба арзиши 680 миллион доллар тавассути шабакаи барқи КАСА ё Шабакаи барқи Осиёи Марказӣ-Осиёи Ҷанубӣ, ки 750 километрро ташкил медиҳад, дар соли 2010 ба Покистон интиқол меёбад. Сафири Тоҷикистон дар Покистон дар посух ба суоли рӯзноманигорон хабарҳоро дар бораи мавҷудияти пойгоҳи низомии Ҳиндустон дар Тоҷикистон рад кардааст.
XS
SM
MD
LG