Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Пратибҳа Патил аз Душанбе дидан мекунад


Раисиҷумҳури Ҳинд Пратибҳа Патил дар авоили моҳи сентябр ба Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом хоҳад дод.
Хонум Патили 72-сола нахустин зан аст, ки соли 2007 раисиҷумҳури Ҳинд интихоб шуд. Ба гуфтаи намояндаи сафорати Ҳинд дар Душанбе, Пратибҳа Патил аз 6 то 8 сентябр, таи 3 рӯз дар Тоҷикистон ба сар хоҳад бурд. Дар ҷараёни ин сафар имзои як силсила қарордодҳои ҳамкорӣ байни Душанбеву Деҳлии нав дар назар аст.
XS
SM
MD
LG