Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Сӯҳбатҳои Обама дар бораи Афғонистону Ироқ


Раисиҷумҳури Амрико Барак Обама, ки дар шаҳри Феникси аёлати Аризона дар ҷамъи собиқадорони ҷангҳои хориҷӣ суханронӣ мекард, гуфт, ҷанг дар Афғонистон набарди “зуд” ва “осон”-е нахоҳад буд. Обама гуфт, чирикиҳо дар Афғонистон дар як шаб пайдо нашудаанд ва набояд интизор дошт, ки ҷангиёни Толибон ва муттаҳидини онҳо аз шабакаи Ал-Қоида ба зудӣ шикаст дода шаванд. Обама дар ин суханронӣ ба вазъи Ироқ низ пардохт ва гуфт, акнун ки нирӯҳои эътилоф масъулияти таъмини амниятро батадриҷ ба худи ироқиҳо вогузор мекунанд, ироқиҳоро имтиҳони ҷиддие дар пеш аст ва он кишвар ба бомбгузориҳои боз ҳам бемаънитар ва куштори теъдоди бештари мардуми бегуноҳ рӯбарӯ хоҳад омад.
XS
SM
MD
LG