Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Чопи "Сухан"-ро аз сар хоҳанд гирифт


Чопи “Сухан”, нашрияи Иттиҳодияи хабарнигорони Тоҷикистон, дар поёни моҳи сентябр аз сар гирифта хоҳад шуд. Пулод Нуров, дабири масъули ин созмон гуфтааст, ки шумораи нахустини “Сухан” ба солгарди 50-уми таъсиси Иттиҳодияи хабарнигорон, ки моҳи октябр таҷлил мешавад, ихтисос дода хоҳад шуд. Ҳафтаномаи “Сухан” дар авоили солҳои 90 нашр мешуд ва дар байни хонандагон маъруфияти зиёд дошт, вале чопи он соли 1993 қатъ шуд.
XS
SM
MD
LG