Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Дӯстум ба Афғонистон баргашт


Абдулрашиди Дӯстум, аз ҷангсолорони қудратманди Афғонистон, аз ҳиҷрат дар Туркия ба ватан баргашт. Давлати Афғонистон ахиран эълон кард, ки Дӯстум метавонад озодона баргардад. Ҳавопаймои ҳомили генерал Дӯстум шоми якшанбе дар фурудгоҳи Кобул нишаст ва ӯро издиҳоми тарафдоронаш истиқбол гирифт. Фармондеҳи узбак Абдулрашиди Дӯстум аз соли гузашта дар Туркия ба сар мебурд. Ӯ то он замон бо иттиҳоми задухӯрд бо нирӯҳои рақибаш дар шимоли Афғонистон таҳти ҳабси хонагӣ қарор дошт.
XS
SM
MD
LG