Пайвандҳои дастрасӣ

Хабари нав

Муҳассилин "Маърифати ислом"-ро меомӯзанд


Мақомоти вазорати маорифи Тоҷикистон мегӯянд, сар аз соли нави хониш ба тадриси фанни нави “Маърифати ислом” дар мактабҳои миёна шурӯъ мекунанд.

Ва ин нахустин барномаи комили таълимӣ роҷеъ ба таърихи дини ислом хоҳад буд, ки дар мактабҳои миёнаи Тоҷикистон аз сӯи устодони таърих ва адабиёт дарс дода мешавад. Маҳмуд Шоев, раиси Маркази таҳия ва нашри китобҳои дарсии Вазорати маориф, дар сӯҳбаташ ба Радиои Озодӣ ин хабарро таъйид кард.

Вай гуфт, ки феълан онҳо китоби дарсӣ, барномаи таълимӣ ва роҳнамо барои устодони фанни нави “Маърифати ислом”-ро таҳия ва барои чоп тавсия кардаанд: “Дар синфи ҳашт мувофиқи нақшаи таълимӣ фанни “Маърифати ислом” ҷорӣ карда шуд. Вазорати маориф тасмим гирифт, ки гурӯҳи муаллифонро барои таҳияи ин китоби дарсӣ созмон диҳад. Ва ин гурӯҳ аллакай рӯи кор омада, китоби “Маърифати ислом”-ро омода намудаанд. Барномаи фаннӣ низ омода шудааст ва то охири моҳ нашр шуда, дастраси мактабҳои миёна мешавад”.

Дар оғоз ин фанни нави таълимӣ барои хонандагони синфи ҳаштум омӯзонида мешавад, ки дар як сол ҳудудан 34 соати дарсиро дар бар мегирад ...
Тавре Маҳмуд Шоев ҳам дар сӯҳбаташ ишора кард, дар оғоз ин фанни нави таълимӣ танҳо барои хонандагони синфи ҳаштум омӯзонида мешавад, ки дар як сол ҳудудан 34 соати дарсиро дарбар мегирад. Дар ин китоби таълимӣ, ба гуфтаи масъулони Вазорати маориф, таърихи дини мубини ислом, пайғамбари он Муҳаммад (с), китоби Қуръон ва шарҳу тафсири он гирдоварӣ шудааст, ки таълим аз рӯйи он сурат мегирад.

Ин иқдоми вазорати маориф ба дунболи даъвати раисиҷумҳури Тоҷикистон гирифта шудааст, ки дар суханрониҳои ахираш дар робита ба бузургдошти соли Имоми Аъзам хостори ислоҳи барномаи таълимии мактабҳо ва мутобиқ кардани онҳо бо фароизи мазҳаби ҳанафӣ шуда буд. Дар ҳамин ҳол, аксари рӯҳониён ва коршиносони умури мазҳабӣ аз ин тасмими вазорати маориф пуштибонӣ мекунанд.

Абдуҷалол Ализода, раиси Донишкадаи исломии Имом Абӯҳанифа дар Душанбе, таълими таърихи ислом дар мактабҳои миёна барои наврасонро талоше барои ҷилавгирӣ аз гироиши онҳо ба созмонҳои мухталифи мазҳабӣ донист. Вай иловатан гуфт, ки акнун дастпарварони онҳо метавонанд бидуни мушкил дар макотиби миёна аз фанни таълимии “Маърифати ислом” тадрис кунанд. Ва аммо вазорати маориф мегӯяд, ки феълан ҳудуди 400 омӯзгори таърих ва адабиёт барои тадриси ин фанни нав дар Донишгоҳи омӯзгорӣ таҷриба меандӯзанд.

Саидумар Ҳусайнӣ, як масъули Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, мегӯяд, китобҳои нави таълиӣ метавонад боиси ихтилофи назари вазорати маориф ва рӯҳониёни кишвар шавад
Сайидумар Ҳусайнӣ, як масъули Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон, ки бовар дорад, ин китобҳои таълимӣ низ бидуни ширкат ва машварат бо рӯҳониёни саршинос навишта шудааст, аз нуқсонҳо орӣ нест ва дар минбаъда метавонад боис ба ихтилофи назари вазорати маориф ва рӯҳонён шавад: “Метавон гуфт, ки як қадам ба пеш аст, аммо на дар ҳама бахши ин масъала. Чунки дини мубини исломро ҳамон тавре аҳли он ва пайравону пешвоёнаш ба ҷомеа муаррифӣ карда метавонанд, дигарон наметавонанд ба таври комил муаррифӣ кунанд. Ба ҳар сурат, шояд ба ин шакл чанд муддате дигар кор ҷараён гирад ва баъдан эҳтиёҷ пайдо шавад, ки аҳли ин дин адабиёти хуро пешниҳод кунанд”.

Қаблан, дар охири соли гузашта, Ҳоҷӣ Акбари Тӯраҷонзода, собиқ қозии мусулмонони Тоҷикистон ва ҳоло узви Маҷлиси Миллӣ, аз барномаи таълими ислом дар китоби таърихи дин интиқод кард буд. Вай зимни ирсоли як нома ба унвони вазири маориф аз он изҳори нигаронӣ карда буд, ки дар ин барномаи кӯчаки таълими дини ислом таҳқиру тавҳин раво дида шудааст. Ҳоҷӣ Акбар Тӯраҷонзода дар охири ин номааш бо ироаи пешниҳодоти мушаххас аз вазири маориф хоста буд, ки нашру чопи ин китобҳо аз сар гирифта шавад.

Бо ин ҳол, Сайидумар Ҳусайнӣ таваҷҷӯҳи давлат дар баробари муаррифӣ ва таълими ислом дар мактабҳоро нокофӣ мешуморад. Вай мегӯяд, чунин бетаваҷҷӯҳӣ сабаб шудааст, ки гурӯҳе аз наврасону ҷавонон ахиран барои дарёфти посух ба саволҳояшон дар робита ба ислому таърихи он рӯ ба рӯҳониёни алоҳида оранд, ки ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа дар масоҷид мавъиза ироа мекунанд: “Чун мардум табиатан дингаро ҳастанд, бахусус миллати тоҷик, пас, барои маълумот пайдо кардан дар бораи дини худашон ба манбаъҳои гуногуни дастрас таваҷҷӯҳ мекунанд. Аз ҷумла ба мавоизу панду андарзҳо, ки аз сӯйи имомхатибон баён мешавад. Ҳатто бисёриҳо моил шуда буданд ба Ҳизбуттаҳриру Салафияву Ҷамоати Таблиғ. Агар барномаҳои динии воқеиро ҷорӣ кунанд ва мардум, ки мехостагии худро пайдо кунад, чаро заҳмат кашад чанд километрро тай карда ба ноҳияи Ваҳдат назди Эшони Нуриддин биравад?”

Ин ҳам дар ҳолест, ки масъулони Вазорати маорифи Тоҷикистон дар шарҳи ин иқдоми худ мегӯянд, ба ин васила мехоҳанд аз ҳузури нафароне дар макотиб ҷилавгирӣ шавад, ки худсарона ба таблиғи дин ва ақоиди мухталиф ва низоъангези динӣ мепардозанд. Ва ҳам дигар қонуни нави озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ омӯзиши дин барои наврасонро бидуни иҷозати волидонашон дар назди муллоҳои ҷудогона дар масҷидҳо ғайримумкин гардонидааст.
XS
SM
MD
LG